10:09:51 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТИИ НОБОЛИҒОН ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 29 ҳазор ноболиғ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки ба қавли бархе аз соҳибназарон  ин омил барои кишвар пайомадҳои манфиеро ба миён меорад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон соли гузашта 50 ҳазор ноболиғ кишварро ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ тарк намуда буданд.

/images/stories/2012/08/08_migrantyi-080812.jpgЯъне сафари ноболиғон ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст. Масъулини Хадамоти муҳоҷират низ аз раванди муҳоҷирати ноболиғон ба кишварҳои хориҷа, хусусан ба Русия изҳори нигаронӣ намуда, иброз медоранд, ки падару модари муҳоҷирони ноболиғ, ки дар айёми мактабхонӣ фарзандашонро ба муҳоҷират фиристодаанд ва ё минбаъд мефиристанд, бояд сари ин масъала ҷиддӣ амал намоянд.

Вале иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар ин самт болотар аз ҳама бояд Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи кишвар як барномаи вижае рӯи даст дошта бошанд, ки ҷиҳати танзими муҳоҷирони ноболиғ ба хориҷи кишвар мусоидат намояд.

Ба қавли ин гурӯҳ коршиносон дар сурати идома ёфтани сафари ноболиғон ба муҳоҷирати корӣ ва дур мондани онҳо аз омузиш масъалаи бесаводӣ дар Тоҷикистон ба проблемаи №1 табдил хоҳад ёфт.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi