19:07:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕ МИЁНАРАВҲО! МУЛОҚОТИ УБАЙДУЛЛОЕВ БО ФАЪОЛОНИ ФЕЙСБУК

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, фейсбукиёнро ба мулоқоти рӯбарӯ ва бе "миёнаравҳо" даъват кард. Зимни паёме, ки дар саҳифаи шахсии шаҳрдор дар Фейсбук нашр шудааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев хостааст бо фаъолони Фейсбук аз Душанбе таҳти шиори "Бидуни миёнаравҳо!" мулоқот кунад.

/images/stories/2012/08/07_m.ubaydulloev-070812.jpgҲадаф аз ин мулоқотро шаҳрдор баррасии масоили марбут ба рушди шаҳри Душанбе ва ҳалли масоили дараҷаи аввал унвон карда, омодагии худро барои посух додан ба ҳама суолҳои фейсбукиён эълон доштааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев барои мулоқоти аввал чанд мавзӯи сӯҳбат пешниҳод кардааст, аз ҷумла нақшаи кулли пойтахт (нақшаи генералӣ), аз миён бурдани биноҳои кӯҳна, вазъи роҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини бозорҳои Душанбе бо маводи зарурӣ пас аз моҳи Рамазон ва ғайра.

Дар охир шаҳрдор аз фейсбукиён хостааст, ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мулоқотро дорад, дар саҳифаи ӯ дар Фейсбук сабти ном кунад. Шаҳрдор пахши онлайнии ин мулоқотро барои онҳое, ки дар ин мулоқот ширкат карда наметавонанд, низ истисно намедонад. Ин мулоқот соати 8-и рӯзи 23-юми августи соли ҷорӣ дар бинои "Маркази соҳибкории пойтахт" таъйин шудааст.

Иқдоми шаҳрдори Душанбе аз сӯи теъдоди зиёди корбарони Фейсбук истиқбол ёфта, то кунун даҳҳо нафар худро дар ин сафҳа номнавис кардаанд. Аксарият навиштаанд, ба шаҳрдор дар бораи вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар мушкили пойтахти Тоҷикистон саволҳои зиёде доранд, ки посухашро аз худи раис хоҳанд гирифт.

Бо ин ҳама, ин бори нахустин аст, ки як мақомдори тоҷик бо фаъолони Фейсбук мулоқоти рӯбарӯ анҷом хоҳад дод. Бояд гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз нахустин нафарони "давлатӣ" буд, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук сафҳаи худро боз намуда ва ба сафи ҳазорон корбарони он аз Тоҷикистон пайваст. Ба дунболи ин иқдоми ӯ, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар Фейсбук саҳфаи худро боз намуд, то бо мардум аз наздиктар ошно бишаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi