03:26:46 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЙЁМБЕКОВ ВА МУСАЛЛАМОВ ДАР "ТАСАРРУФИ ПУЛ" АЙБДОР МЕШАВАНД

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов ва наздикони онҳо аз 1-уми августи соли равон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ин афрод аз бонки давлатии "Амонатбонк" садҳо ҳазор сомониро ҳамчун қарз гирифта, аммо барнагардонидаанд.

/images/stories/2012/08/06_tolib-ayombekov-060812.jpgАз ҷумла, дар иттилоияи додситонии кул омадааст, Ёдгор Мамадасламов ва ҳамсари бародараш - Оламбибӣ Гулдарбоғова, сокини деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон, 12-уми сентябри соли 2008-ум аз “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ ба мӯҳлати ду сол 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ гирифта, то ба ҳол барнагардондаанд.

Додситонӣ мегӯяд, ин маблағ бо таъсири бевоситаи Ёдгор Мамадасламов гирифта шуда, бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки "ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои “Амонатбонк” аст."

Ҳамчунин додситонӣ Толибек Айёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов, низ 16-уми июни соли 2010-уми аз бонки мазкур 455 ҳазор сомонӣ барои соҳибкорӣ қарз гирифтаанд, ки ҳоло бо фоизаш 587 ҳазору 195 сомониро ташкил медиҳад.

Додситонӣ аз рӯи банди “б”, қисми 3, моддаи 246-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - тасарруфи пули ба тариқи кредит додашуда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ - парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ёдгор Шомусалламов ва Толиб Айёмбеков дар ҳоле сурат мегиранд, ки аз мӯҳлати гирифтани қарз 4 ва 2 сол гузаштааст. Мақомот мегӯянд, фурсати мувофиқ барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо пас аз амалиёти Хоруғ фароҳам шуд.

Дар айни замон Толиб Айёмбеков ва афроди гурӯҳи ӯ дар куштори генерал Абдулло Назаров муттаҳам дониста мешаванд. Ҳамчунин ба қавли мақомот Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Боқиров ва Имомназар Имомнзаров дар нооромиҳои Хоруғ гурӯҳҳои мусаллаҳро раҳбарӣ мекарданд. Мақомот гуфтанд, ки ин се нафари ахирӣ ва афроди онҳо дар сурати халъи силоҳ афв хоҳанд шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi