12:11:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶОИЗАИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШДРО КӢ СОҲИБ ХОҲАД ШУД?

Бонки Исломии Рушд ҷоизаи пулии навбатии худро дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 150 ҳазор доллари ИМА эълон намуд.

/images/stories/2012/08/04_bank-islam_040812.jpgБино ба иттилои дафтари намояндагии ин бонк дар Душанбе ҷоизаи мазкур таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди устувори муҳити зист» ташкил ёфта, барои занони фаъолу хизматнишондода ва ташкилотҳое, ки  барои баланд бардоштани мавқеи занон дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, пешбинӣ шудааст:

«Ҷоизаи Бонки Исломии Рушд барои «Саҳми занон дар рушди устувори муҳити зист» аз ду мукофот иборат мебошад. Мукофоти якум ба зан ё гурӯҳи занон ба андозаи 50 000 доллар ва мукофоти дуюм бошад, ба мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба андозаи 100 000 доллар муқаррар гардидааст».

Маросими мукофотсупорӣ 21-22 майи соли 2013 дар Душанбе зимни баргузории ҷаласаи 38-ум Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ба нақша гирифта шудааст. Манбаъ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд дастовардҳои беназири худро дар бахши муҳити зист то санаи 15 октябри соли 2012 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон, дафтари Мудири Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi