12:15:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОХИРИН ХАБАРҲО АЗ ХОРУҒ - ИҶОЗАИ ВУРУДИ ХАБАРНИГОРОН БА БАДАХШОН

Бар асоси тавофуқоти миёни давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳозир дар Бадахшон, танҳо 500 нерӯи низомӣ дар шаҳри Хоруғ мустақар шуда ва дигар нерӯҳо ба қароргоҳҳои доимии худ бозхоҳанд гашт. Ба гузориши хабаргузории Форс, як мақоми аршади низомии Тоҷикистон аз боқӣ мондани танҳо 500 нерӯи низомӣ дар шаҳри Хоруғ хабар дод.

/images/stories/2012/08/02_khorugh_020812.jpgҲамчунин неруҳои вижа ва снайперистҳое, ки дар чаҳор гӯшаи шаҳр ва дар кӯҳҳо камин карда буданд, ин ҷойгоҳро тарк мекунанд. Дар ҳоли ҳозир неруҳои ҳукуматӣ танҳо дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ ва ибтидои роҳи наздикии фурудгоҳ қарор доранд. Гуфта мешавад, ки як гуруҳи вижаи 500-нафара то поёни марҳалаи халъи‌ силоҳ дар Хоруғ боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон таъйид карда аст, ки ба ҷуз Толиб Айёмбеков ва муттаҳамони қатли генерал Назаров, эҳтимол дорад дигар афроди ширкаткунанда дар даргирии мусаллаҳона, аз ҷумла фармондеҳони собиқи иттиҳоди неруҳои мухолифин дар сурати таслими довталабона мавриди афв қарор мегиранд.

Вай бо баёни ин ки тасмим афв дар дасти раиси ‌ҷумҳурӣ аст, хотирнишон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ, ки қарор аст дар охири моҳи август баргузор шавад, ширк мекунад.

Ҳамчунин як гурӯҳе аз хабарнигорони телевизиони Тоҷикистон ба манзури инъикоси авзоъ ба Хоруғ омада ва иҷозаи фаъолият ёфтанд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳама идорот ва муассисоти ин шаҳр фаъол буда ва танҳо хадамоти бонкӣ ба сабаби қатъи интернет анҷом намегирад.

Дар бозори шаҳри Хоруғ низ ҳамчунин ба хотири камбуди маводи ғизоӣ қимати маҳсулот боло рафта аст. Ҳаракати мошинҳо дар тамоми роҳҳои Хоруғ ба ҳолати оддӣ даромада ва транзити мошинҳои боркашонии чинӣ ба самти Душанбе аз сар гирифта шуда аст.

Амалиёти неруҳои амниятии Тоҷикистон барои боздошти афроди гумонбар ба қатли Абдуллоҳ Назаров, раиси амнияти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта сурат гирифт, ки бар асари он 30 тан аз афроди мусаллаҳи мухолифи давлат кушта ва 40 тани дигар дастгир шуданд. Дар ин амалиёт 12 тан аз неруҳои амниятии Тоҷикистон низ кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi