20:23:50 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30  

ИЗҲОРОТ ОИДИ ДАСТРАСӢ БА СОМОНАҲОИ ИТТИЛООТИИ ИНТЕРНЕТӢ ВА YOUTUBE

Сафорати ИМА оиди баста шудани якчанд сомонаи иттилоотии Интернетӣ ва Youtube изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд.

/images/stories/2012/08/02_youtube-020812.jpgИёлоти Муттаҳида итминон дорад, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба изҳори озодонаи нуқтаи назари худ, чӣ дар майдони оммавӣ ё чи дар Интернет, умумибашарист. Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо дастгирӣ мекунем ва дигар кишварҳоро низ ба он даъват мекунем.

Ҳангоми  маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурдани маълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо, ва маҳдудшавии интихоби одамон, ҷараёни озоди иттилоот маҳдуд мешавад ва қимати Интернет барои ҳамаи мо коҳиш меёбад. Мо баррасии чунин масоили боиси нигарониро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳем.

Мо ҳукумати Тоҷикистонро даъват ба амал меоварем, то ҳуқуқи ҳар фардро ба озодии сухан эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳои ба сомонаҳои хабарии басташуда ва Youtube гузошташударо бекор кунад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi