23:50:45 13-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
           
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

НУРИДДИН ШАМСОВ - САФИРИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМРИКО

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони нави ин кишвар дар Иёлоти Муттаҳида, Австрия ва Ҷопону Куриёро таъйин кард.

/images/stories/2012/07/31_nuriddin-shamsov-310712.jpgЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон Нуриддин Шамсов, собиқ сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Австрияро, ки ҳамзамон намояндаи доимии  ин кишвар дар САҲА (ОБСЕ) буд, сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида таъйин кардааст. Дар ин бора рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нуриддин Шамсови 56-сола фаъолияти кории худро соли 1977-ум ба унвони тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ шурӯъ кардааст. Ӯ соли 1979-ум ба унвони пажӯҳишгар дар Институти ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, аммо баъдан соли 1988-ум ба Яман меравад.

Ҷаноби Шамсов дар оғози солҳои навадум барои кор ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омада, то соли 2007-ум дар сатҳҳои гуногуни ин вазорат ифои вазифа мекунад.

Вай моҳи майи соли 2007-ум бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Австрия ва ҳамзамон намояндаи доимӣ дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таъйин шуд. Нуриддин Шамсов соли 1977-ум факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони арабӣ хатм кардааст.

Қаблан, Абдуҷаббор Ширинов сафири Тоҷикистон дар Амрико буд, ки тибқи як фармони президент дар моҳи январи соли ҷорӣ ба курсии раиси Бонки милии Тоҷикистон нишаст.

Ҳамчунин, бар асоси фармони дигари президенти Тоҷикистон, Салоҳиддин Насридинов намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Австрия ва Ғуломҷон Бобозода, сафири  Тоҷикистон дар Ҷопон ва ҳамзамон сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ  таъйин шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi