16:53:16 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ: 61 МИЛЛИОН СОМОНИИ ДУЗДӢ БА ДАВЛАТ БАРГАРДОНДА ШУД

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо гузаронидани 612 тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишвар зарари молиявиро дар ҳаҷми беш аз 100 миллион сомонӣ ошкор намуданд.

/images/stories/2012/07/31_rishva-porra-310712.jpgБино ба иттилои масъулини ин агентӣ, аз ин миқдор маблағи ошкоргардида аз ҳама бештараш ба маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо рост меояд, ки ҳаҷми он 31,7 миллион сомониро ташкил медиҳад:

«Боқимонда зиёда аз 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 28,3 миллион сомонӣ изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтумонӣ, 10,9 миллион сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, 3,7 миллион сомонӣ зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, 13,1 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ мебошад».

Манбаъ мегӯяд, дар муассиса ва корхонаҳои тафтишгардида зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии ғайримақсаднок ошкор карда шуд. Зимни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 61 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ибодуллоҳи Раҳматуллоҳ, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi