17:51:56 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗДОШТИ ҚОТИЛИ ЭҲТИМОЛИИ ХОЛМӮЪМИН САФАРОВ

Нерӯҳои интизомӣ қотили эҳтимолии раиси Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

/images/stories/2012/07/16_kholmumin-safarov-1160712.jpgҶамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, ки раҳбарии гурӯҳи муштараки тафтишотиро бар дӯш дорад, дар сӯҳбат бо мо дастгир шудани фарде ба куштори Холмӯъмин Сафаровро таъйид кард. Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки фарди гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, рӯзи ҷумъаи 14-уми июл дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Аммо ин масъулон бо назардошти халал ворид накардан ба раванди тафтишоти парванда, дар бораи ҳуввияти қотил маълумот надоданд. Ду рӯзи ахир маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои пайдо кардани тапончаи қотил дар дарёи Душанбе, дар қисмати ғарбии маркази пойтахти Тоҷикистон талош доштанд.

Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар шуд ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ба хусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки назоратро дар ду паҳлӯи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46-ум бар дӯш доранд, талош доранд, то тапонча дарёфт шавад.

Зеро ба гуфтаи манобеи пулис, қотил зимни ироаи нишондод гуфтааст, ки дар шаби сӯи қасд ба ҷони Холмӯъмин Сафаров, силоҳи худро дар дарёи Душанбе партоб кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари ​раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дода буд.

Вазорати умури дохилӣ (ВУД) бо нашри баёнияе гуфта буд, ки "афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад."

Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi