09:53:23 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

АФҒОНИСТОН РАСМАН ҲАМПАЙМОНИ АМРИКО ЭЪЛОН ШУД

Афғонистон расман мақоми ҳампаймони ИМА миёни кишварҳои берун аз НАТО-ро соҳиб шуд. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА баъд аз вурудаш ба Кобул изҳорот дод. Ахиран Кохи Сафед фармони Барак Обамаро дар ин бора нашр кард.

/images/stories/2012/07/07_usa-afghanistan_070712.jpgБори ахир соли 2004 ИМА аз шумули кишварҳое, ки узви Паймони НАТО нестанд, Покистонро ҳампаймони худ эълон карда буд. То имрӯз ба ин феҳрист 15 кишвари берун аз НАТО, аз ҷумла, Австралия, Исроил, Миср ва Ҷопон шомиланд. Ин мақом имкон  медиҳад, ки Вошингтон ҳамкории низомиро бо кишвар бо тарзи содатари назорати содироти силоҳу муҳимоти  низомӣ ба роҳ монад.

Мақоми ҳампаймонии Афғонистон як бахши Созиш дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон аст, ки ибтидои моҳи май зери он раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай имзо гузоштанд. Ба гуфтаи сиёсатшиносон, мақоми нави Кобул, аз ҷумла, барои харидории тавлидоти низомии ИМА  аз сӯи Афғонистон имкон фароҳам меоварад.

Ҳилларӣ Клинтон, ки ахиран бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд, имрӯз бо Ҳомид Карзай гуфтушунид мекунад.  Сафари вазири умури хориҷаи ИМА ба Кобул дар арафаи конфаронси  кишварҳои сармоягузори Афғонистон сурат гирифт. Қарор аст, ки дар ин нишаст дар Токио мавзӯъи фардои Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишвар баррасӣ шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi