13:49:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПИСАРИ ХУРДИИ Э. РАҲМОН СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛО ШУД

Сомони Раҳмон барои як барномаи комютерии сохтааш дар Бухарест, пойтахти Руминия, медали тило гирифтааст.

/images/stories/2012/05/24_somoni-rahmon-24512.jpgНаим Йилдирим, мудири литсейи муштараки туркию тоҷикӣ дар Душанбе, рӯзи 24-уми май дар сӯҳбат бо мо ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт,  тақрибан се ҳафта пеш Сомони Раҳмон дар Бухарест, пойтахти Руминия, дар як Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба барномасозии компютерӣ барандаи медали тилло шуд.

Сомони Раҳмон, ки дар синфи ҳафтум мехонад, ба ин озмун як барномаи компютериро бо номи "Луғат бо чаҳор забон" омода ва пешниҳод кардааст.

Мудири литсейи туркиву тоҷикӣ мегӯяд, ҳамсинфи Сомон - Исрофил Исмоилов низ, ки якҷоя барномаи компютериро бо чаҳор забон - тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ ва русӣ таҳия кардаанд, дар ин озмун барандаи ҷоиза шудааст. Дар ин озмун, ба гуфтаи ӯ, намояндагони чиҳил кишвари дунё ширкат кардаанд.

Ду сол пеш аз ин, Фарзона, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хонандаи литсейи президентии Душанбе, соҳиби медали тилои як олимпиадаи байналмилалӣ дар Екатеринбурги Русия аз забони русӣ шуда буд.

Президент Раҳмон дар миёни раисони ҷамоҳири Шӯравии собиқ бештарин фарзандро дорад. Ҳафт духтари ӯ - Фирӯза, Озода, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Заррина, Фарзона ва ду писараш Рустам ва Сомон ном доранд.

Духтари ӯ Озодаи Раҳмон дар моҳи сентябри соли 2009-ум муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд. Писари калонии Эмомалӣ Раҳмон - Рустами Эмомалӣ ҳоло раҳбари яке аз бахшҳои муҳими Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi