20:45:17 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАШФ ВА МУСОДИРАИ "ҲАЙКАЛЧАҲОИ МУХАДДИРӢ"

Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе аз қочоқи маводи мухаддири навъи метамфетамин пешгирӣ кардаанд. Ходимони Идораи гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аз қочоқи маводи мухаддири навъи метамфетамин ба маблағи беш аз 5 миллион доллар ҷилавгирӣ кардаанд.

/images/stories/2012/05/22_airpor-tj-22512.jpgАбдураҳими Умариён, масъули бахши иттиллооти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, кашфи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти ин идора бесобиқа мебошад. Масъули бахши иттилооти Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ба ҳангоми муоинаи рентгении бағоҷи мусофирони хатсайри Душанбе-Алмаато дар рӯзи 19-уми май дар даруни ҷомадони як нафар мусофир 16 адад ҳайкалчаҳои ороишии сафолӣ пайдо шуд, ки дар дохили ин ҳайкалчаҳо маводи шубҳанок ҷойгир карда шудааст.

Ҳамин манбаъ илова кард, ташхиси лабораторӣ муайян кардааст, ки ин ҳайкалчаҳо ҳомили 62 килову 850 грамм маводди мухаддири навъи метамфетамин мебошад. Соҳиби ин миқдори бузурги маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ ва як сокини шаҳри Душанбе будаанд, ки қасд доштаанд ин маводдро ба Малайзия интиқол диҳанд.

Арзиши ин миқдори маводди мухаддир ба гуфтаи масъули бахши итилоотии  Хадамоти гумруки Тоҷикистон панҷуним миллион долларро ташкил медодааст. Абдураҳими Умариён ба хотири халал науфтодан дар ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насаби соҳибони ин миқдори маводди мухаддир худдорӣ кард. Вале вай гуфт, ин қочоқбарон боздошт ва нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi