14:03:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

УМЕДВОРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ТАРҲИ РОҒУН

Тоҷикистон умедвор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ расидагӣ ба тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро то моҳи феврали соли 2013 ба поён мерасонад.

Ин нуктаро Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон баъд аз чанд мулоқоташ дар Амрико хабар дод. Оқои Зарифӣ дар ҷараёни боздиди худ аз Амрико дидгоҳҳои Тоҷикистонро дар бораи сохтмони ин ниругоҳ дар мулоқот бо коршиносони амрикоиву байналмиллалӣ дар Маркази мутолеоти Осиёи Марказиву Қафқоз ва дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вошингтон дар миён гузошт.

Се сол пеш Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат карда буд, то дар сохтмони Роғун расидагии фаннӣ, аз ҷумла расидагии фаннӣ-иқтисодӣ, анҷом бигирад.
«Озодӣ»

 




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi