18:19:00 02-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ШАШ ЗАН БА ЗАННИ КӮДАКФУРӮШӢ ДАР ЯК МОҲИ АХИР

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи 14 май ду занро ба иттиҳоми "фурӯш ва хариди кӯдак" боздошт кардаанд.

Бар асоси иттилоъи ин вазорат, ин севумин ҳодисаи боздошти занон ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдак дар тӯли як моҳи ахир будааст. Ин ҳодиса дар вилояти Хатлон сабт шудааст. Таҳқиқоти аввалияи пулис ҳокист, ки як зани 51-сола кӯдакеро ба маблағи 600 дулор аз модари 30-солаи кӯдаки навзод дар шаҳри Сарбанд харидорӣ кардааст.

Ҳамчунин, рӯзи 3 май кормандони пулис дар вилояти Суғд ду занро барои хариду фурӯши як духтарбача боздошт кардаанд. Модари ин духтарбача, ки сокини шаҳри Душанбе буда, кӯдаки худро ба як зани сокини шаҳри Чкаловск ба маблағи як ҳазор дулор фурӯхтааст.

Дар авохири моҳи апрел пулис аз фурӯши кӯдаке навзод дар шаҳристони Ваҳдат хабар дода буд, ки модари ин кӯдак низ фарзандашро ба як сокини вилояти Суғд ба маблағи як ҳазор дулор фурӯхтааст. Дар мавриди ин ҳаводис парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси таҳқиқоти кормандони пулис, аксари занҳои мазнун дар кӯдакфурӯшӣ фақир буда ва ҷойи кори доимӣ надоштаанд.

Ҳамчунин, бештари кӯдаконе, ки мавриди доду ситад қарор мегиранд, аз ҷумлаи фарзандони ба истилоҳ "ғайримунтазира" ҳастанд. Бархе аз занон ба далоили мухталиф имкони ҷилавгирӣ аз ҳомилагии нолозимро надоштаанд.

Тибқи моддаи 167-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, афроде, ки дар фурӯши ноболиғон даст доранд, аз панҷ то ба ҳашт сол равонаи зиндон мешаванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854