15:58:23 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

ПОКИСТОН РОҲРО БА РӮИ НАТО БОЗ МЕКУНАД

Покистон ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад.

/images/stories/2012/05/15_h.rabbani-15512.jpgҲино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон рӯзи душанбе гуфт, ки кишвараш ба ин натиҷа расидаст, ки роҳҳои икмолоти ба рӯи нерӯҳои НАТО мустақар дар Афғонистонро бикушояд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин тасмими Покистон истиқбол намуда онро иқдоме дуруст арзёбӣ кардааст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин маврид гуфтааст:

“Ин хабаре хуб аст, агар вазири хориҷии Покистон чунин баёноти мусбат дар мавриди бозгушоии роҳи тадорукотии нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро иброз намояд. Ин хабари хуб барои Покистон аст. Барои робитаи хуби Покистон бо Афғонистон ва ҳам робитаи онҳо бо мо. Вале чунон ки гуфтам, мо то ҳол музокирот дар ин заминаро такмил накардаем.»

Муносибот миёни Покистон ва Амрико дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаи марзии Афғонистон ва Покистон дучори таниш шуд. Ба дунболи кушта шудани 24 сарбози покистонӣ тавассути нерӯҳои ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, Исломобод роҳи интиқоли мавод барои нерӯҳои НАТО-ро баста буд.

Ин амр сабаб шуд то эътилофи байналмилилӣ барои фиристодани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз роҳҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна истифода бикунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi