06:32:29 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШГОҲИ НИЗОМӢ БА ЗАННИ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ МУХАДДИР

Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон гуфтаст, ки кормандони ин ниҳод, ду қочоқчиии маводди мухаддиро дар вилояти (устони) Хатлон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи масъулон, ҳафтаи гузашта дар ин вилоят амалиёти вижае барои боздошти ин ду фард ҷараён доштааст.

Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари матбуъотии ин ожонс, рӯзи душанбеи 27 феврал, ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке аз қочоқчиён донишҷӯйи Донишгоҳи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон будааст. Оқои Шафеъ мегӯяд: “Ин қочоқчиён, аз ҷумла як марди 47-сола, ки дар гузашта барои ҳамли маводди мухаддир маҳкум шуда ва ҳамдасти ӯ донишҷӯйи 19-сола буданд. Аз онҳо 15 килугром ҳашиш кашф ва мусодира шудааст.”

Ба гуфтаи вай ин ду фарди мазнун дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи ожонс ба сар мебаранд. Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки дар робита бо ин ҳодиса тибқи моддаи 200 қисми чаҳор, яъне ҳамли ғайриқонунии маводди мухаддир, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол дорад. ки ин ду нафар қочоқчӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамдастоне доштаанд ва бозрасҳои Ожонс машғули шиносоии ин афрод будаанд. Ин ожонси дар моҳи январ як мақоми пулисро низ дар ноҳияи Фархор ба занни ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi