16:37:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗГАШТИ ДУ РОНАНДАИ ЭРОНӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН

Ду ронандаи эронӣ, ки тайи даҳ моҳи ахир дар Тоҷикистон гир монда буданд, ахиран бо мусоъидати Вазорати хориҷаи ин кишвар ба Эрон бозгаштаанд.

Сулаймон Бекӣ ва Абдулло Қараболоии Ҳусейнӣ, дар баҳори соли гузаштаи милодӣ тибқи қарордоде дар бораи ҳамлу нақли коло миёни ширкати "Милис энд нюх истфилд"-и Эрон ва ширкати "Синон 2010"-и Тоҷикистон ба ин кишвар барои интиқоли коло омада буданд.

Вале дар роҳи бозгашт ба Эрон, ба сабаби ихтилоф байни ширкатҳои эронӣ ва тоҷикӣ дар заминаи омода кардани мадорик, ин ду ронанда бо мошинҳои худ натавонистанд қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.

Вале Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 21 феврал дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки рӯзи 10-уми феврал дар нишасте бо ширкати намояндагони вазорати хориҷа, масъулони сафорати Эрон дар Душанбе ва кормандони гумруки Тоҷикистон ҷонибҳо дар мавриди бозгашти ронандаҳои эронӣ ба ватан ба тавофуқ расидаанд.

Тибқи ин тавофуқ, ширкати тоҷикистонӣ хароҷоти сафари ронандаҳои эрониро пардохта ва онҳо ахиран ба кишвари худ бозгаштаанд. Оқои Назрӣ санаи дақиқи бозгашти онҳоро нагуфт.

Аммо вай афзуд: "Далели аслии ин гуна ҳодисаҳо надонистани қавонини гумрукӣ аст. Дар бештари авқот ширкатҳо қабл аз сафар бо ҳам қарордод имзо намекунанд ва дар чунин ҳодисаҳо масъулони ин ширкатҳо омода кардани расмиятҳои гумрукиро бар ӯҳдаи якдигар вогузор мекунанд, ки дар натиҷа чунин мушкилоте пеш меояд."

Оқои Назрӣ афзуд, ки дар ин гуна ҳодисаҳо ҳам тоҷирони тоҷикистонӣ ва ҳам ширкатҳои хориҷӣ зиён мебинанд. Вай гуфт, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон шикоёти зиёде ҳам аз сӯйи тоҷирони тоҷикистонӣ ва ҳам тоҷирони хориҷӣ дар бораи чунин мушкилоте дарёфт мекунад, ки бештарашон ҷанбаҳои молӣ ва ҳуқуқӣ доранд.

Ин ду ронандаи эронӣ қаблан аз ин қазия ба додгоҳҳои Тоҷикистон низ шикоят бурда буданд, вале бо мудохилаи вазорати хориҷа онҳо ба ватан баргаштаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi