11:21:24 01-уми Июли 2025 сол

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ДУШАНБЕ

Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ҷаласаи вижаеро барои таҷлил аз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор кард. Дар ин ҷаласа аз ҷумла намояндагони ақалиятҳои миллии Тоҷикистон, донишмандони забон ва адабиёт ва устодони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ширкат карданд.

Ширкаткунандагон дар бораи раванди иҷрои қонуни забон дар Тоҷикистон табодули назарҳо карданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки мақомоти маҳаллӣ риъояти ин қонун дар заминаи ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистонро бояд ҷиддӣ бигиранд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин дар бораи "Барномаи истротежики рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016"-ро баррасӣ карданд, ки аз ҷумла "барои ҳифзи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ дар Тоҷикистон заминаҳои амалӣ фароҳам овардааст."

Рӯзи 21 февралро Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири Рӯзи Ҷунбиши забон дар Банглодеш Рӯзи забони модарӣ эълом кардааст. Дар соли 1952 дар ин рӯз дар шаҳри Дҳакка тазоҳуроти Ҷунбиши Забон баргузор шуда буд, ки дар ҷараёни он чанд донишҷӯ аз сӯйи пулис кушта шуданд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ