16:34:03 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҒБАИ АНЗОБ: 200 НАФАР ДАР АСОРАТИ ТАРМА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои "бандиён"-и тарма дар ағбаи Анзоб маводи ғизоӣ фиристодааст. Дар ин бора ба мо масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода ва гуфт, ин кӯмакҳо аз нону орд, консерву қанд ва чою макарон ва ҳамчунин либос иборат мебошад.

Бино ба гуфтаи Ориф Нозимов, масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 нафар бо 13 мошини сабукрав ва ҳудуди 70 мошини борбар дар миёни тарма дар ағбаи Анзоб банд мондаанд, ки барои раҳоии онҳо техникаҳо низ сафарбар шудааст.

Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, 12 мошини ин вазорат ва ширкати IRS машғули барфтозакунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мебошад.

Аз ин пештар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор дода буданд, ки то рӯзи 23-юми феврал аз ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ ва минтақаи Рашт худдорӣ варзанд. Зеро бино бар иттилои онҳо, дар ин рӯзҳо резиши тарма дар назар аст ва метавонад сокинонро ба мушкил рӯ ба рӯ намояд.

Бо ин ҳол, дар пайи резиши баҳман ё тарма дар роҳҳои кишвар, то кунун талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, бештари сокинон қоидаи ҳаракат дар баландкӯҳҳоро риоя намекунанд. Вай афзудааст, бархе аз сокинон бо мошинҳои сабукраве ба роҳ баромадаанд, ки ҳаракати онҳо дар баландакӯҳҳо ва он ҳам дар фасли зимистон пешбинӣ нашудааст.

Масъулони Кумиатаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бастааст ва мошинҳо ҳаракат намекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi