21:24:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

ХУДКУШИИ ЯК ЗАНИ 22-СОЛА ДАР ИСТАРАВШАН

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, мегӯянд, ки як зани 22-сола дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Истаравшан даст ба худкушӣ задааст.

Сабаби худкушии ин зан, ки соҳиби як фарзанд буда, маълум нест ва ба гуфтаи бархе аз сокинони маҳаллӣ, ҳеч гуна таҳқиқе низ дар бораи ин ҳодиса сурат нагирифтааст.

Як сокини маҳаллӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт: "Ин зан шаби 19 ба 20-феврал дар ҷое дуртар аз хона худро ба дор овехта ва субҳи ҳамон рўз аҳли деҳа ҷасади ӯро ба хок супориданд."

Бархе аз сокинони дигари маҳаллӣ низ ин хабарро таъйид карданд ва гуфтанд, ки чунин ҳодиса дар ин шаҳрак бори аввал рух дода ва хешу табори зан ва аҳолии русто "аз бими ин ки овоза нашавад", ба ҳеч ниҳоде барои таҳқиқ муроҷеъа накардаанд.

Аҳолии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Истаравшан муҳоҷироне ҳастанд, ки ҳудуди даҳ сол пеш ба хотири таҳдиди сел ва лағзиши кӯҳпора аз ноҳияи Айнӣ ба ин макон кӯч дода шудаанд.

Ин шаҳрак дар минтақае дуртар аз маркази шаҳри Истаравшан ва дар инзиво воқеъ аст ва ба далели харобии роҳ ва бориши барфи зиёд сокинони маҳаллӣ дар фасли зимистон маъмулан иртиботашон бо маркази ноҳия гусаста мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi