01:08:05 02-уми Июли 2025 сол

ФАЪОЛИЯТИ ФУРӮДГОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА МУТАВАҚҚИФ ШУД

Фурӯдгоҳи шаҳри Қўрғонтеппа ба хотири таъмир ва навсозӣ барои муддате аз фаъолият бозмондааст.

Хушвахт Сафаров, муовини мудири фурӯдгоҳи шаҳри Қўрғонтеппа гуфт, ин фурӯдгоҳ баъди 30-соли фаъолияташ барои бори аввал таъмир мешавад ва пас аз навсозӣ, ҳавопаймоҳои бештареро метавонад қабул кунад.

Ба гуфти оқои Сафаров аз буҷети фурӯдгоҳ барои навсозии бонди парвоз ва мутобиқсозии он бо стандартҳои байналмилалӣ 1,5 миллион сомонӣ ихтисос шудааст.

Вай гуфт, пас аз ин аз ин ҷо ҳавопаймоҳо ба Маскав, Чилябинск, Свердловск ва Якутия парвоз мекунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ