00:13:56 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

НАТО БА ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ АНБОРИ АСЛИҲА ВА МУҲИМОТ КӮМАК МЕРАСОНАД

НАТО ва Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Хазинаи эътимод шартнома имзо намуданд, ки дар доираи он ба Тоҷикистон барои нест кардан ё безарар гардонидани аслиҳа ва муҳимоти ҳарбии кӯҳна кӯмак расонида мешавад.

НАТА ТаджикистанМаблағи ин лоиҳа, ки як сол идома меёбад, 575 ҳазор евро (3,600.000 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Британияи Кабир ҳамчун кишвари масъули ин лоиҳа ба миқдори 100,000 фунт (тақрибан 745,000 сомонӣ) дар ин лоиҳа саҳм дорад. Ҳамчунон кишвари Ҷопон низ 100,000 евро (625000 сомонӣ) низ саҳм гузаштааст, ки ин маблағ барои омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа, ки моҳи марти соли 2011 ба кишварҳои узви НАТО муаррифӣ гашт, истифода гардид.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо тонна аслиҳа ва муҳимоти ҳарбиро боқӣ гузошт, ки дар анборҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бархе аз анборҳо таҳти назорат қарор дошта, баъзе аз назорат дур мондаанд ва барои мардуми оддӣ хатар доранд.  Бо гузашти вақт аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ  корношоям ва ноустувор мегарданд, ва ин ҷиҳат онҳо боз ҳам хавноктар мегардонад ва метавонанд боиси рӯй додани сӯхтор ва таркиш гарданд.

Дар чорчӯбаи лоиҳа, коршиносони НАТО  муҳандисони низомӣ ва хизматчиёни тоҷикро меомӯзонанд ва барои таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба истифодаи партовҳои аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ (WAD) мусоидат мекунанд. Ин гурӯҳ бо  сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа барои дарёфт ва нест кардани  захираҳои лавозимоти ҷангии хатарнок ҳамкорӣ намуда, дар ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ду гурӯҳи дигари WAD, ки дар самтҳои гуногун дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кӯмак менамояд. Силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, ки то ҳол қобили истифода аст, ҳифз ва ба ҷойҳои мувофиқ фиристода мешавад.

Гурӯҳе, ки аз тарафи  FSD омӯзонида шудааст, ҳамчунон барои муайян намудани ҳолати анбори лавозимоти ҷангӣ қисмати ҷануб, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, тадқиқот мегузаронад ва роҳҳои беҳтар намудани ҳифз ва амнияти онҳоро тавсия менамояд.

Сафири Британияи Кабир дар НАТО ҷаноби Мариот Лесли чунин баён намуд: «Британияи Кабир хурсанд аст, пешбари якумин Хазинаи эътимод дар Тоҷикистон аст. Тавассути таъмини бехатарӣ ва нест кардани захираҳои лавозимоти ҷангӣ, Британияи Кабир, НАТО ва дигар кишварҳои аъзо метавонанд дар таъмини амнияти минтақа саҳми муҳим гузоранд. Ин кори мо бояд муҳити зисти тоҷикистониёнро низ беҳтар намояд, то ки онҳо тавонанд дар муҳити осоишта ва амн зиндагӣ намоянд».

«Тоҷикистон ин танҳо як ҷузъи ҳамкории Ҷопон ва НАТО мебошад, ки ба масъалаи амнияти минтақавӣ марбут аст»,- мегӯяд ҷаноби Хироюки Имахаши, сафири Ҷопон дар Душанбе. Мақсади мо амнияти минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ мебошад,- гуфтааст ӯ дар идома.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi