00:30:50 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"БАҲОРИ АРАБӢ" БА АРАБИСТОНИ САУДӢ ВОРИД ШУД

Ҷанҷоли Қатару Арабистони Саудӣ, ки ҳамеша бо ягон сабабе сар мезанад, ин бор бар сари эъломи сарсупурдагӣ ба "ваҳҳобият", вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.

Ба гузориши манбаъҳои хабарӣ, ин дар ҳолест, ки тӯфони инқилобҳои арабӣ, ки ҳамаи кишварҳои арабиро якеро пас дигарӣ ба коми худ фурӯ мебарад ба соҳилҳои Арабистони Саудӣ ҳам расидааст ва манотиқи шарқии ин кишвари нафтхез шоҳиди тазоҳуроти густардаи мардумӣ алайҳи режими Оли Сауд мебошад.

Ноиф ибни Абдулазиз, валиаҳди Арабистони Саудӣ, рӯзи сешанбе дар маросими ифтитоҳи семинаре дар Риёз таъкид кард: "Ба Қатар иҷоза намедиҳем, ки ҷойгоҳи динии Арабистони Саудӣ дар миёни кишварҳои арабиро тасарруф кунад."

Ин суханони валиаҳди Арабистон пас аз он матраҳ мешавад, ки Қатар камтар аз ду ҳафта пеш номи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, поягузори фирқаи ваҳҳобиятро бар бузургтарин масҷиди ин кишвар ниҳод ва амири ин кишвар эълом кард, ки решаҳои хонадони ӯ ба Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бармегардад.

Бархе таҳлилгарон ин иқдоми Қатарро талоше барои тасарруфи ҷойгоҳи Арабистони Саудӣ ба унвони маркази ваҳҳобият арзёбӣ карданд.

Ноиф ибни Абдулазиз гуфт: "Ҳукумати Саудӣ бар мабнои салафигарӣ ва ба дасти Муҳаммад ибни Сауд, ки бо Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳампаймон шуда буд, ташкил шудааст ва ҳамчунон ин раванд идома дорад."

Валиаҳди Арабистони Саудӣ афзуд: "Арабистони Саудӣ ба салафӣ будани худ ифтихор мекунад."

Соҳибназарон, ин суханони тунди Ноиф ибни Абдулазизро "ҳушдори қотеъ" ба Қатар донистанд.

Бархе мақомоти режими Саудӣ мегӯянд, ки Қатар омодаи рақобате шадид бо Арабистони Саудӣ шудааст ва ба ҳамин далел, бар сарсупурдагии худ ба ваҳҳобият таъкид дорад.

Нозирон мӯътақиданд, ки Амрико Қатарро тарғиб кардааст, то вориди ин ҷанги лафзӣ бо Арабистони Саудӣ бишавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi