17:12:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАЗЗОФӢ БАЪД АЗ ВАФОТАШ ҲАМ САРОНИ АРАБРО БА ҲОЛИ ХУД НАМЕГУЗОРАД

 

Кимиёи саодат

Сарони кишварҳои арабӣ, ба сарҳанг Муаммар Қаззофӣ, диктатори мақтули Либия, ҳангоми зинда буданаш, ба унвони як фарди моҷароҷӯ ва дардисарсоз нигоҳ мекарданд. Сарҳанг ҳар ҷое, ки бо сарони араб ҷамъ мешуд, хусусан дар иҷлосияҳои Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ, кораш фақат таъна задан ва рехтани обрӯи сарони араб буд.

Вақте кушта шуд, сарони араб шояд аз нахустин касоне буданд, ки хушҳол шуданд ва нафаси роҳате кашиданд, аммо зоҳиран сарҳанг ҳатто пас аз мурданаш ҳам, аз сарони араб дастбардор нест. Ахиран, манбаъҳои огоҳ фош карданд, ки сарҳанг Муаммар Қаззофӣ, ба сурати маҳрамона гуфтугӯҳои шуморе аз масъулони арабро сабт кардааст, ки тайи он аз нақшаҳои махфие алайҳи дигар кишварҳои минтақа парда бардоштаанд.

Ба гузориши ин манобеъ, аз ҷумлаи ин гуфтугӯҳои сабтшуда, изҳороти Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар, ва Ҳамад ибни Ҷосим, нахуствазири Қатар аст, ки дар бораи нақшаҳои пинҳонашон алайҳи чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Урдун, парда бардоштанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, бархе аз ин гуфтугӯҳои сабтшуда ба дасти масъулони сурияӣ ва бархе расонаҳои арабӣ расидааст. Ин гуфтугӯҳо ҳамчунин марбут ба дигар масъулон ва раҳбарони арабӣ ва хориҷӣ будааст, ки барои дидор бо масъулони либиягӣ аз ҷумла Қаззофӣ ба Либия сафар мекарданд.

Ин афрод дар Либия бе ягон хавотирӣ аз тасмимҳои худ алайҳи дигарон сухан мегуфтанд, ғофил аз ин ки садо ва тасвири ин дидорҳо ва гуфтугӯҳо сабт ва нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ҳамин росто, чанд рӯз қабл, бахше аз изҳороти Шайх Ҳамад ибни Ҷосим, нахуствазири Қатар, дар шабакаҳои интернетӣ мунташир шуд, ки дар он таъкид кардааст, низоми Саудӣ ба дасти Қатар суқут хоҳад кард.

Ҳамад ибн Ҷосим гуфтааст: "Низоми Саудӣ ба дасти Қатар суқут хоҳад кард, ва Қатар саранҷом як рӯз вориди Қатиф ва Шарқия (манотиқи шарқии Арабистони Саудӣ) шуда ва Арабистони Саудиро таҷзия мекунад; ин низоми ҳирамӣ аст ва Малик Абдуллоҳ нотавон ва фақат як тасвир аст, ва ҳеч умеде ба артиши Саудӣ барои тағйир нест."

Шайх Ҳамад изҳор дошт: "Амрико ва Англия аз вай гузорише дар бораи вазъияти Арабистон хостаанд, ва аз тасмими худ барои раҳо шудан аз режими Оли Сауд ва сарнагунии он хабар додаанд, аммо Вашингтун ва Лондан дар айни ҳол аз ҳукумати исломгароён бимноканд." Нахуствазири Қатар хотирнишон кард: "Аз ин рӯ, Қатар аз ин вазъият истифода карда тавонистааст, ки имтиёзро аз Арабистон бигирад ва пойгоҳҳои Амрикоро ба Қатар мунтақил кунад."

Шайх Ҳамад гуфт: "Қатар ҳамчунин тавонистааст, ки таъсири Арабистонро ба тадриҷ коҳиш дода, нуфузи худро дар минтақаи арабӣ боло бардорад."

Шайх Ҳамад пеш аз ин дар музокира бо Қаззофӣ гуфта буд, ки Қатар дар садади зарба задан ба саудиҳо дар заминаи иқтисодӣ ва сиёсӣ аст, ва ба зудӣ инқилоби мардумӣ дар Арабистон рӯй хоҳад дод.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi