ЧАВЕС: ЭЪТИРОЗҲОИ ОММАВИРО ДАР РУСИЯ ИМА ТАШКИЛ КАРДААСТ
Росбалт
Ба фикри раисҷумҳури Венесуэла Уго Чавес дар паси намоишҳои оммавии русиягиҳо, ки аз натиҷаҳои интихоботи Думаи давлат норозиянд, ИМА меистад.
Ба қавли ӯ Иёлоти Муттаҳида кӯшиш дорад вазъияти Русияро тибқӣ сенарияи Миср, Либия, Сурия ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ носубот гардонад. "Бубинед, девонагии империя то куҷо расидааст!", -изҳор дошт Чавес. Вай афзуд, ки ҳамроҳи "ҳуҷуми империяи янкиҳо" маъракаи байналмилалии иттилоотӣ зидди Владимир Путин, яке аз даъвогарон ба мансаби раисҷумҳури ФР оғоз ёфт.
"Иёлоти Муттаҳида кӯшиш дорад ба лидерии вай латма занад, Русияро тақсим кунад ва ҳукмронии ҷаҳонро ба даст орад", -боварӣ дорад раисҷумҳури Венесуэла.
Чавес халқи кишвари худро ба ҳушёрӣ даъват кард:
-Он чизеро, ки имрӯз дар Русия ба амал меояд, онҳо мехоҳанд дар кишвари мо ҳам ташкил кунанд. Зеро ин одамон (ИМА, буржуазияи Венесуэла ва оппозитсия) медонанд, ки дар интихобот пирӯз шуда наметавонанд. Ин ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам соф математикӣ номумкин аст, -изҳор намуд ӯ.
Хотиррасон мекунем, интихоботи раисҷумҳур дар Венесуэла бояд 7-уми октябри соли 2012 баргузор шавад.