06:07:53 04-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ ИРТИБОТИ ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО ВА ОЗОДИИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО РАД КАРД

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияе иртиботи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон бо озодии ду халабон, яке шаҳрванди Русия ва дигаре шаҳрванди Эстуниро рад кардааст. Рустам Ҳукумов соли 2008 ба занни иртибот бо қочоқи маводи мухаддир дар Русия боздошт шуда буд. Додгоҳ ӯро ба нуҳу ним соли зиндон маҳкум кард. Моҳи январи соли 2011 додгоҳи истинофӣ оқои Ҳукумовро озод кард.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст дар ин авохир гузоришҳое дар бархе аз расонаҳо мунташир шудааст, ки тасмими ниҳодҳоӣ қазоии Русия дар мавриди лағви ҳукми додгоҳ нисбати қазияи муъомилаи маводи мухаддири марбут ба Рустам Ҳукумовро ба озодии халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстунӣ иртибот медиҳанд.

Вазорати хориҷаи Русия афзудааст қотеъона вуҷуди ҳар гуна иртибот миёни ду қазияро рад мекунад. Вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистон нисбати ин ду халабон асосе надорад ва барои лағви комили он ва табрааи комили оқоён Садовничий ва Руденко талош хоҳад кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854