05:36:09 04-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ГУМОНБАРИ ҲАМЛА БА ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО

Пулиси Маскав мегӯяд, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло дастгир кардааст.

Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе дар тарабхонае дар пойтахти Русия ду зарби корд хӯрд, ки якеаш ба ҷигари ӯ асобат кардааст. Ӯро баъди ин ҳамла дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский ҷарроҳӣ кардаанд ва ба гуфтаи табибон,  дигар хатаре ба ҳаёташ таҳдид намекунад.

Дар ин сӯъиқасд дастгир кардааст. Чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ин ҳамларо шадидан маҳкум карда ва хостори таҳқиқи фарогири қазия шуданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон  дониста мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854