08:30:06 04-уми Июни 2025 сол

ҲАМОИШ БАХШИДА БА ТАҒЙИРИ ИЛОВАҲО ДАР КОДЕКСИ ГУМРУКӢ

 

Пагоҳ, 13 уми январи соли 2012 дар “Толори миллӣ”-и  меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҳамоише бахшида ба мавзӯи тағйиру иловаҳо дар Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон дар моҳи декабри соли 2011 ворид карда шудаанд, баргузор мешавад.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Осиёи Миёна-Инвест II аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.

Лоиҳа барои мусоидат намудан ба рушди ҳамроҳшавии минтақаи Осиёи Миёна ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии хориҷиву ватанӣ ва ҳамчунин корхонахои коркарди махсулоти кишоварзӣ ширкат мекунанд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854