08:15:38 04-уми Июни 2025 сол

ҚОТИЛОНИ ПАРВИЗ БА ЗУДӢ БА ДОДГОҲ КАШИДА ХОҲАНД ШУД

Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар бораи кушта шудани Павриз Давлатбеков дар ҳоли анҷом ёфтан аст. Тавре, ки як манбаъ аз ин вазорат ба хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст, ки ин парванда ба зудӣ ба додгоҳ барои муҳқоима ирсол хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин куштор, бар асоси моддаи 110 Қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон, яъне амдан расонидани асобат ба фард, ки муҷиби марги вай шудааст, боз шуда ва таҳқиқоти он тақрибан ба анҷом расидааст. Пулиси тоҷик гуфтааст, ки яке аз муттаҳамони ин ҷурм, ки ҳамагӣ 16 сол дорад иқрор кардааст, ки бо чоқӯ ду бор ба бадани Парвиз зарба ворид кардааст.

Ҳарчанд кормандони интизомӣ шумори мушаххаси боздоштшудагон дар содир кардани ин ҷурмро эълом накардаанд, хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст Шараф Давлатов, Фаррух Самиев ва Фирӯз Назруллоев, донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар миёни афроди боздошшудагон будаанд.

Пулис гуфтааст, ки ҳамла банобар ангезаи мазҳабӣ сурат нигарифтааст, зеро се нафар аз дӯстони Парвиз, ки ӯро дар он шаб ҳамроҳӣ мекарданд, ин нуктаро таъйид кардаанд. Вале ҳарчанд ҳамроҳони Парвиз иддаъо доранд, ки он шаб ҳудуди 25-30 нафар ҷавонон ба онҳо ҳуҷум кардаанд, аммо масъулони пулис теъдоди муҳоҷимонро 10-15 нафар унвон кардаанд.

Шоми 31 декабр, соъоте қабл аз таҳвили соли мелодӣ, гурӯҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар хиёбони мавсум ба Профсоюз ба Павриз, ки либоси “Бобои барфӣ" дар бар дошт, ҳамла карда ва ӯро ба қатл расондаанд. Он замон бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки афроде, ки ба Парвиз ҳуҷум карданд, ӯро кофир хитоб карда буданд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854