12:17:56 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАРИМОВ ВА БЕРДИМУҲАММАДОВ ДАР САФИ АВВАЛИ ДИКТАТОРҲОИ БАДТАРИНИ ҶАҲОН

ИноСМИ

Якбора ду раисҷумҳури Осиёи Марказӣ, Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба даҳгонаи "диктаторҳои бадтарини ҷаҳон дар соли 2011", ки маҷаллаи амрикоии "Parade" тартиб додааст, дохил шуданд. Раисҷумҳури Ӯзбакистон дар ин рӯйхат ҷойи сеюмро ишғол кард ва пешвои туркманҳо мақоми шашумро гирифт.

Сабаби ба ин рӯйхат дохил шудани Каримовро фаҳмонда, маҷалла аз ҷумла менависад, ки "дар мамлакат озодии сухан ва дин вуҷуд надорад, одамон зери шиканҷа қарор мегиранд ва худсарона ҳабс мешаванд", 7000 диндор дар паси панҷара мешинанд.

Дар бораи раисҷумҳур Бердимуҳаммадов гуфта мешавад, ки вай "шахспарастии Ниёзовро ба шахспарастии худаш иваз кардааст ва хадамоти амниятии ҳукуматӣ "аз худ паранойл ва бераҳмии усули Шӯравӣ нишон дода, ҳар як норозиро бешафқатона таъқиб мекунанд ва паси панҷара мепартоянд".

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мунтазам ва пайваста ба парастиши шахсияташ машғул мешавад, ба худ ҷоизаҳо медиҳад, унвони "Ҳомӣ"-ро гирифтааст, телевизиони давлатиро маҷбур месозад, ки дар як шабонарӯз 24 соат фаъолияти ӯро инъикос кунад, аз ҳисоби пули давлат китобҳояшро, ки дар мавзӯъҳои гуногун навишта шудаанд, чоп мекунад ва доимо дар фестивалҳою намоишҳои оммавӣ раисӣ менамояд.

Солҳои нахустини ба сари ҳокимият омаданаш баъди вафоти диктатори собиқ Сафармурод Ниёзов (вай ҳам бисёр ба рӯйхати "Parade" дохил шудааст), Бердимуҳаммадов ифротҳои пешгузаштаи худро андаке ислоҳ кард, масалан, мӯҳлати таҳсилро дар муассисаҳои таълимӣ барқарор кард ва шифохонаҳоро аз нестӣ баргардонд. Ҳамин кифоят кард то ҷаҳон ӯро ислоҳотхоҳ хонад ва аллакай ба рӯйхатҳое дохил намекард, ки дар онҳо мустабидҳое ба мисли раисҷумҳур Ислом Каримов буданд.

Лекин акнун ислоҳотҳо дар Туркманистон рӯякӣ ва нопурра мебошанд ва мустаҳкамшавии назорати раисҷумҳур ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт дар ҷумҳурӣ торафт ба чашм намоён мешавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi