08:27:42 05-уми Июни 2025 сол

АРАБИСТОНИ САУДӢ БОМБАИ ҲАСТАӢ МЕХАРАД

Аргументы недели

Эҳтимол вақтҳои наздик мусаллаҳшавии бошитоби ҳастаӣ оғоз мегардад. Арабистони Саудӣ ҷиддан аз он нигарон аст, ки Эрон ба наздикӣ соҳиби силоҳи ҳастаӣ мегардад. Илова бар ин Ар-риёз боварӣ дорад, ки Теҳрон аллакай дорои чунин намуди силоҳи қатли ом мебошад.

Ба ақидаи баъзе коршиносон Эрон дар ихтиёри худ чаҳор заряди ҳастаӣ дорад. Вазъиятро боз он чиз мураккабтар гардонидааст, ки кишварҳои мазкур барои лидерӣ дар олами ислом муборизаи ҷиддӣ мебаранд. Онҳо ба ҷараёнҳои гуногун ва ба ҳам муқобили ислом тааллуқ доранд -саудиҳо суннимазҳабанд ва форсҳо -шиамазҳаб.

Чанде пеш Ар-риёз ошкоро вазъиятро тезу тунд кард. Узви хонаводаи шоҳаншоҳии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Турки ал-Файсал изҳор кард, ки кишвараш эҳтимоли харидани силоҳи қатли ом, аниқтараш бомбаи ҳастаиро баррасӣ мекунад. Албатта, изҳороти вай қайду шарт ҳам дошт. Гӯё ин кор ҳолате ба вуҷуд меояд, ки агар кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати ба минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ табдил додани Ховари Наздику Миёна натиҷаи дилхоҳ ба бор наоранд.

Шоҳзодаи саудӣ изҳор намуд, ки кишвари ӯро эҳтимоли оғози мусаллаҳшавии бошитоби ҳастаӣ ба ташвиш намеорад. Ба қавли ӯ Арабистони Саудӣ аллакай наметавонад ин равандро боздорад ва аз ҳамин сабаб Ар-риёз бояд ба он ҳамроҳ шавад.

Саудиҳо бомбаро аз куҷо мехаранд ва кӣ ба онҳо мефурӯшад? Саволи дар назари аввал душвор мумкин хеле ба осонӣ ҳал шавад. Ар-риёз ҳамчунин изҳор дошт, ки мехоҳад энержии ҳастаиро бо мақсадҳои осоишта ва мулкӣ рушд диҳад. Меморандумҳои ҳусни тафоҳум доир ба ин масъала аллакай бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Фаронса ба имзо расидаанд. Аммо дар ин тактика ягон чизи наве нест -маҳз барномаи осоиштаро ба худ ниқоб карда, ҳамаи аъзои нави клуби ҳастаӣ соҳиби бомбаи атомӣ шудаанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854