18:49:55 06-уми Июни 2025 сол

ОЛИ САУД БА ДАСТИ НАХУСТВАЗИРИ ҚАТАР САРНАГУН МЕШАВАД

Нахуствазири Қатар дар муколамаи маҳрамонае, ки ба тозагӣ фош шудааст, таъкид кард, ки режими Оли Сауд (Арабистони Саудӣ) ба дасти Қатар сарнагун хоҳад шуд.

Шайх Ҳамад бен Ҷосим бен Ҷабр Оли Сонӣ дар ин муколимаи маҳрамона, ки дар шабакаи интернетӣ мунташир шудааст, гуфт: "Режими Оли Сауд бидуни шак тавассути Қатар сарнагун хоҳад шуд ва Қатар рӯзе вориди манотиқи Алқатиф ва Ашшарқия хоҳад шуд ва Арабистон таҷзия мешавад."

Вай афзуд: "Режими Оли Сауд фарсуда аст ва Абдуллоҳ бен Абдулазиз, шоҳи ин кишвар, нотавон буда ва ҳеч умеде барои тағйири артиши Арабистон вуҷуд надорад."

Шайх Ҳамад изҳор дошт, ки Амрико ва Британияи Кабир аз вай гузорише дар бораи вазъияти Арабистон хостаанд ва аз тасмими худ барои раҳо шудан аз режими Оли Сауд ва сарнагунии он хабар додаанд, аммо Вашингтон ва Лондон дар айни ҳол аз ҳукумати исломгароён дар ҳаросанд.

Вай афзуд: "Аз ин рӯ, Қатар аз ин вазъият истифода карда тавонистааст, ки имтиёзро аз Арабистон бигирад ва пойгоҳҳои Амрикоро ба Қатар интиқол диҳад."

Шайх Ҳамад гуфт: "Қатар ҳамчунин тавонистааст, ки нуфузи Арабистонро ба тадриҷ коҳиш дода,  худ дар минтақаи арабӣ ба мақоми аввал барояд."

Шайх Ҳамад ҳамчунин дар музокира бо сарвари сарнагуншудаи Либия Муаммар Қаззофӣ гуфта будааст, ки Қатар омодаи зарба задан ба Арабистон дар заминаи иқтисодӣ ва сиёсӣ аст ва ба зудӣ инқилоби мардумӣ дар ин кишвар рӯй хоҳад дод.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854