08:25:10 04-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ БАРОДАРЗАН ДАР ПАЙИ МУНОҚИШАИ ХОНАВОДАГӢ ДАР ИСТАРАВШАН

Дар шаҳри Истаравшани устони Суғд маъмурони интизомӣ Хушбахт Саломов, як сокини 30-солаи маҳаллиро, ки гуфта мешавад, дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бародарзани худ, Хайрулло Ҷумъаеви 45 соларо, ба қатл расонидааст, боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъи пулиси Суғд, оқои Саломов аз ҷойи ҳодиса фирор карда, вале баъдан аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии идораи пулиси вилояти Суғд, додситони шаҳри Истаравшан дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин манбаъ ҳамчунин гузориш медиҳад, ки дар давоми як соли гузашта дар қаламрави ин устон 41 мавриди қатл сабт шуда ва бештаре аз муттаҳамони ин ҳаводис боздошт ва муҷозот шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854