05:29:15 01-уми Июли 2025 сол

ПАНҶ КУШТА ДАР ДАРГИРӢ ДАР ҶАНУБИ ҚАЗОҚИСТОН

Гузоришҳо аз Қазоқистон ҳокӣ аст, ки ба асари як даргирии пулис бо афроди мусаллаҳ дар ҳумаи шаҳри Олмотӣ, пойтахти ҷанубии ин кишвар дастикам панҷ нафар кушта шудаанд. Додситонии Қазоқистон гуфтааст ин даргирӣ дар ҷараёни амалиёти барномарезишудаи нерӯҳои амниятӣ рух додааст.

Нурдавлат Суинлдиқов, сухангӯи додситонии кулли Қазоқистон гуфтааст мардони ҷангӣ дар манзиле дар рустои мавсум ба Боралдай дар ҳумаи Олмотӣ паноҳ бурда буданд. Нерӯҳои вижаи Кумимати амнияти миллии Қазоқистон маҳалли иқомати пайкорҷӯёнро муҳосира кардаанд ва дар ҷараёни бархурд ду тан аз нерӯҳои вижа ва се тан пайкорҷӯ кушта шудаанд.

Ӯ гуфтааст афроди ин гурӯҳи мсуаллаҳ бо кушта шудани ду пулис ба таърихи 8 ноябр иртибот доштаанд ва қасд доштаанд аъмоле хушунатомез дар Олмотӣ анҷом диҳанд. Ин даргирӣ дар ҳумаи Олмотӣ се ҳафта пас аз кушта шудани 7 нафар дар шаҳри Тироз дар ҷануби Қазоқистон иттифоқ меафтад. Дар ин ҳодиса фарде мазнун ба узвияти як гурӯҳи исломгаро 7 нафарро кушт ва сипас худро мунфаҷир кард.

Як гурӯҳи камшинохтаи мавсум ба "Ҷунди Хилофат" дар он замон анҷоми чанд ҳамлаи кучак дар Қазоқистонро ба уҳда гирифт. Дар моҳи ноябр додситонии Қазоқистон гуфт ин созмон мехоҳад дар Қазоқистон ҷиҳод роҳандозӣ кунад. Қазоқистон, кишвари шуравии собиқ ва дорои манобеъи ҳангуфти нафту гоз ва зиндагии нисбатан мураффаҳ то кунун минтақаи амн ва дур аз фаъолияти гурӯҳҳои тундрав дониста мешуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ