15:25:47 03-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА ТАБИБОНИ ШӮРООБОД

Бисту ҳаштуми ноябри соли 2011 баъд аз чор моҳи ҳамкории Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯробод ва беморхонаи Саричашма таъмири шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ анҷом ёфт.

/images/stories/2011/11/29_bemorkhona-291111.jpgАз тарафи Сафорати ИМА шаш ҳуҷраи шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ таъмир гардида, бо лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шуд, ки ин ба беморон ва кормандони тиб шароити мусоид фароҳам овард. Клиникаи тиббии Саричашма барои 20 ҳазор аҳолии наздик ва дурдасти ноҳия хизмат мерасонад.

Сардухтури беморхонаи Саричашма Саидов Мадисмон гуфт: « Ман фахр мекунам, ки барои модарони ноҳияи Саричашма шароити тоза ва муфид мухайё карда метавонам." Дар оянда ин лоиҳа аз тарафи Сафорати  ИМА аз ҷиҳати молиявӣ  дастгирӣ  ёфта, ба гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Саричашма кӯмак мерасонад.

Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико ба маблаги 35000 доллар ба беморхонаи Саричашма ёрӣ расонд, ки ин аз маҳсулоти сохтмонӣ барои таъмир, таҷҳизоти идоравӣ, таҷҳизоти тиббии босифат, асбобҳои ҷарроҳӣ ва доруворӣ иборат аст. Аз соли 1992 сар карда, халки ИМА ба маблаги 984 млн доллар барои барномаҳои тақвияти институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак расонд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854