ИСТИРДОДИ "УЗВИ ГУРӮҲИ ҚОРӢ ВОСИТ” АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Ниҳодҳои амниятии Русия Зубайдулло Шоев - узви гурӯҳи Восит Латипов, муллақаб ба “Қорӣ Восит”-ро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Идораи Федероли Амнияти Русия, оқои Шоев, ки гуфта мешавад узви гурӯҳи ҷиноии “Қорӣ Восит” буд, дар қатли сарбозони Русия дар Тоҷикистон, куштори чаҳор корманди пулис дар ноҳияи Ваҳдат, қатли вазири саноъеи Тоҷикистон ва гаравгонгирии муовини раиси Бонки миллии ин кишвар мазнун дониста мешавад.
Расонаҳои гурӯҳии Русия бо такя ба манобеъи бахши Идораи Федероли Амнияти Русия дар вилояти Челябинск гузориш додаанд, ки оқои Шоев дар моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт шудааст. Ин манбаъ хабар додааст, ки Зубайдулло Шоев аз соли 2001 ба ин сӯ аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Вай тӯли чанд сол дар вилояти Челябинск машғули кор буда ва умед доштааст, ки “фаъолиятҳои қаблии ҷиноиаш фаромӯш мешаванд.”
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки соли 2010 маъмурони амниятии вилояти Челябинск Боймурод Хоҷаев, як узви дигари гурӯҳи “Қорӣ Восит”-ро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Додгоҳи Тоҷикистон оқои Хоҷаевро дар гаравгонгирӣ, ғорат, авбошӣ ва хушунат алайҳи мақоми давлатӣ муҷрим дониста, ӯро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расонаҳои гурӯҳии Русия, Восит Латипов, раҳбари ин гурӯҳ низ соли гузашта аз сӯйи маъмурони интизомӣ дар ин кишвар боздошт шуда буд. Вале, талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои истирдоди оқои Латипов ба ватан ҳануз бенатиҷа мондааст.
Масъулони додситонии Тоҷикистон дар гузашта изҳор доштанд, ки куллия асноди зарурӣ барои истирдоди “Қорӣ Восит”-ро ба ҳамтоёни русии худ ироа кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд, додгоҳ истирдоди оқои Латипов ба Тоҷикистонро ба таъвиқ даровардааст.
Би-Би-Си