14:35:58 03-уми Июни 2025 сол

ШАРҲИ МЕДВЕДЕВ ДАР БОРАИ ҚАДАМҲОИ БАЪДИИ РУСИЯ

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, дар сурати расидагӣ накардани Амрико ба нигарониҳои Русия дар мавриди истиқрори сипари ҳавоии дифоъи мушакиаш дар Аврупо, Русия мушакҳояшро ба сӯи ин сипар хоҳад гардонд.

Дар як нутқи телевизионӣ Дмитрий Медведев гуфт, агар дар ин замина мувофиқа бо Амрико ҳосил нашавад, Русия мушакҳояшро дар вилояти ғарбии Калининград ва дигар манотиқ ҷойгир мекунад: "Дар сурати сенарияи номатлуб барои мо Русия ҳақ дорад, аз тадбирҳои оянда барои халъи силоҳ даст кашида ва аз паймони назорат бар силоҳҳо берун шавад."

Амрико мегӯяд, ҳадафи барномаи истиқрори сипари ҳавоии дифоъи мушакиаш дар Аврупо, ки бояд то соли 2020 иҷро шавад, рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ аз кишварҳое ба мисли Эрон аст, аммо Русия мегӯяд, сипари муҳофизатии он заъиф хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854