"РУСИЯ ҲАМАСОЛА 200 ҲАЗОР МУҲОҶИРРО ИХРОҶ МЕКУНАД"
Дар Русия ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 23 ноября Константин Ромодановский, раиси Идораи федероли муҳоҷирати Русия ба хабарнигорон эълом кардааст. Ба гуфтаи вай, ин рақам дар тӯли солҳои ахир тағйир наёфтааст.
Вай ҳамчунин хабар додааст, ки муҳоҷирони хориҷӣ танҳо дар иртикоби 3,4 дарсади ҷароиме, ки дар Русия рух медиҳанд, даст доранд. Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Русия беш аз нӯҳ милюн нафар муҳоҷирони корӣ, умдатан аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба сар мебаранд.
Ин мақоми Русия гуфтааст, ки феълан дар боздоштгоҳҳои кишвар як ҳазору 700 нафар аз муҳоҷирон ба сар мебаранд, ки як севвуми онҳоро атбоъи тоҷик ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи вай, ин афрод ба кишварҳои худ баъд аз судури ҳукми додгоҳ дар ин бора ихроҷ мешаванд.
Оқои Раммдановский таъкид кардааст, ки боздошти муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик ба қазияи халабонҳо дар ин кившар рабт надорад. Вай афзудааст, ки тасмим дар бораи тақвияти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар пойтахти Русия дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар дидор бо шаҳрдори Маскав гирифта шудааст.
Би-Би-Си