16:14:13 03-уми Июни 2025 сол

ҚИМАТИ БЕНЗИН ДАР ДУШАНБЕ АЗ 7 СОМОНӢ ГУЗАШТ

Қимати бензин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир 8,9 фоиз боло рафта, аз марзи 7 сомонӣ барои як литр гузаштааст. Бино ба хабари “Азия Плюс”, як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба 7 сомониву 20 дирам расидааст.

Бар асоси мониторинги вазорати иқтисод, нархи бензин аз аввали соли равон қариб 60 дарсад ва дар муқоиса бо ноябри соли гузашта 69 дарсад афзудааст. Як иллати афзоиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон боҷу хироҷи гумрукиест, ки Русия – содиркунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба ин кишвар – аз соли гузашта рӯи содироти маводи сӯхташ эъмол кардааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854