15:06:14 03-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН БА МУҲОҶИРОНИ БАРГАШТА КОР МЕДИҲАД

Оҷонси кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷиронеро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, бекор намегузорад.

Масъулони ин Оҷонс мегӯянд, барои таъмини муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз қаламрави Русия бо далоили мухталиф ихроҷ шудаанд, барномае таҳия кардааст. Ба гуфта ин манбаъ, дар шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони корӣ таъсис ёфтааст, ки ба муҳоҷирон дар заминаи омӯзиши касб ва ё дарёфти ҷои кор кӯмак хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки танҳо баъди як ҳафтаи эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳудуди шаст муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854