16:19:46 03-уми Июни 2025 сол

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «БА ОВОЗАҲО БОВАР НАКУНЕД»

Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори умум маълумот доир ба оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди Федератсияи Русия, роҳбари ширкати «Ролкан-Инвестмент-ЛДТ» Полуянов Сергей Андреевич ва эълон намудани кофтукови байналмилалии ӯ вобаста ба ҳодисаи аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ гузаштани ҳавопаймоҳои ин ширкат нашр шудааст, ки ин ба ҳақиқат дуруст намеояд.

/images/stories/2011/11/16_gen-prokuratura_16.11.11.jpgТибқи иттилои маркази ахбори Прокуратураи генералӣ доир ба ин ҳодиса танҳо як парвандаи ҷиноятӣ 6 моҳ пеш, яъне 12 майи соли равон аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба Садовничий Владимир Владимирович ва дигарон оғоз карда шудаасту халос. То имрӯз дигар ягон парвандаи ҷиноятӣ доир ба ин ҳодиса оғоз нашудааст.

Аз рӯи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ ду нафар- Садовничий В.В. ва Руденко А. ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Нисбат ба 6 нафар ҳавонаварди дигар – шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Украина ва Қазоқистон қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот қатъ ва онҳо аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд. Қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Полуянов С.А. як моҳ пеш аз истеҳсолот боздошта шудааст.

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854