14:33:07 03-уми Июни 2025 сол

САФИР ПОПОВ: МАСКАВУ ДУШАНБЕ "ЗАБОНИ МУШТАРАК" ЁФТАНД

Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарафҳо дар масъалаи халабонҳои маҳбус «забони муштарак» пайдо кардаанд.

Юрий Попов ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, тарафҳо ба натиюае расиданд, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ба ҳалли ин вазъи мушкил манфиатдоранд. Аввали моҳи ноябр додгоҳи Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро барои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард.

Ба зудӣ дар Маскав наздик ба 300 муҳоҷири тоҷик боздошт шуда, гирудори тоҷикон дар шаҳрҳои дигари Русия ба вуқӯъ пайваст. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев боздошти тоҷиконро «як тасодуф» унвон намуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854