09:54:45 05-уми Июни 2025 сол

НАЗАРБОЕВ ПОРЛУМОНИ ЯКҲИЗБИРО ПАРОКАНДА КАРД

Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, палатаи поёнии порлумони кишварашро пароканда ва ба баргузории интихоботи зудрас дар 15 ва 16-уми январ даъват кард.

Вай ба ин кор замоне иқдом кард, ки 53 узви маҷлис аз 107 нафар дар хитобае дар ҳафтаи гузашта хостори табдили палата ба маҷлиси бисёрҳизбӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, порлумони нав метавонад ба нооромиҳои нави иқтисодӣ беҳтар расидагӣ кунад.

Порлумони феълии Қазоқистон асосан аз намояндагони ҳизби ҳокими президентии «Нур Отан» иборат аст. Қонуни нави интихобот ба ҳизбҳое дар порлумон ба таври автоматик ҷой хоҳад дод, ки ҳатто натавонистаанд, монеаи 7-дарсадиро убур кунанд.

Қазоқистон то ҳол ягон интихоботе баргузор накардааст, ки аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ озод, шаффоф ва одилона шумурда шавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854