14:38:35 03-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ АЪЗАМ ЗИЁЕВ, ОХИРИН МАҲБУСИ ФИРОРӢ

Аъзам Зиёев, охирин нафар аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт шудааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо боздошти Аъзам Зиёев, маъруф бо лақаби “Аъзами Панҷара” ва охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллиро таъйид кард.

/images/stories/2011/11/13_azam-zieev_2011.jpgИн манбаъ афзуд, Аъзам Зиёев дар зодгоҳаш -- ноҳияи Панҷ ва аз дохили қабристоне боздошт шудааст. Зиёеви 42-сола ба ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, нигоҳ доштани аслиҳа, талош барои ғасби ҳукумат ва ҷиноёти дигар маҳкум ба зиндон шуда буд. Аъзам Зиёев ба унвони охирин маҳбуси фирорӣ дар ҳоле боздошт мешавад, ки аз ин воқеа бештар аз як сол сипарӣ мешавад.

Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифта буд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Аз ин 25 маҳбуси фирорӣ 8 нафари онҳо дар аснои амалиёти мухталиф ба қатл расида ва 17 тани дигар бо шумули Аъзам Зиёев боздошт шудаанд. Як идда аз ин маҳбусони фирорӣ дубора муҳокима ва ба зиндон афканда шуданд, ки дар миёни онҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди Миллӣ низ ҳаст.

Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд. Мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави Кумитаи амнияти миллӣ таъйин кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854