15:53:33 03-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ ҲУКМИ ХАЛАБОНҲО ОМОДА АСТ

Тоҷикистон барои “ҳалли созанда”-и қазияи ҳукми халабонҳои рус розӣ аст ва хостори он шудааст, ки Русия аз азияти муҳоҷирони корӣ даст бардорад.

Дар ин бора як манбаи дипломатии Русия ба хабаргузории Интерфакс  иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, айни ҳол барои Тоҷикистон авлотар аз ҳама – ҳифзи робитаҳои ҳампаймонӣ бо Русия аст. Ӯ афзудааст, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қазияи ҳукми халабонҳоро таҳти назорати шахсӣ гирифт.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хабар дод, ки амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон идома хоҳад дод. Дирӯз Залина Корнилова, сухангӯи ин хадамот гуфта буд, ки 297 муҳоҷири тоҷик баъди судури ҳукми додгоҳ аз Русия ихроҷ мешаванд.

Амалиёти боздошти муҳоҷирони кори  тоҷик дар Русия баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД -  шаҳрванди Русия  Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854