16:10:44 03-уми Июни 2025 сол

СИЛВИО БЕРЛУСКОНӢ АЗ МАҚОМАШ ИСТЕЪФО ДОД...

Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, шомгоҳи шанбе саранҷом аз мақоми худ канорагирӣ кард. Кохи раёсати ҷумҳури Итолиё таъйид кард, ки Силвио Берлусконӣ истеъфо додааст. Бо эъломи истеъфои Берлусконӣ мухолифони вай дар Рум ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд.

/images/stories/2011/11/13_berluskoni_2011.jpgСилвио Берлусконӣ рӯзи сешанбе натавонист раъйи аксарияти порлумони ин кишварро ба даст оварад. Берлусконӣ пеш аз ин гуфта буд, ки агар порлумон тарҳи риёзати иқтисодиро аз тасвиб бигзаронад, аз мақоми худ канорагирӣ хоҳад кард. Тарҳе, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо онро барои берунрафти ин кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ ва қарзҳои зиёдаш зарурӣ донистаанд.

Дар ҳоли ҳозир қарзи Итолиё беш аз як триллиону 900 миллиард евро аст. Яъне, ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, оқибат Берлускониро на расвоиҳои зиёд, балки мушкили иқтисодӣ аз саҳна берун кард. Бо канорагирии Берлусконӣ интизор меравад, Марио Монти, кумиссариёи пешини Иттиҳодияи Аврупо барои ташкили кобинаи нав бо гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар вориди музокира бишавад.

Силвио Берлусконӣ, миллиардери 75-сола барои нахустин бор дар соли 1994 бо шиори “Итолиё ба пеш битоз!”ба қудрат расид. Аммо дар ниҳоят бо боло гирифтани ихтилофот миёни вай ва раҳбари Лигаи шимолии Итолиё дар соли 1995 маҷбур ба истеъфо шуд.

 сипас дар соли 2001 симмати панҷсолаи нахуствазириро барои бори дуввум бар ӯҳда гирифт ва пас аз он дар соли 2007 ва баъди истеъфои Романо Проди нахуствазири вақти Итолиё ба далели рукуди иқтисодӣ, барои бори севум ба мақом нахуствазирӣ расида буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854