15:55:39 03-уми Июни 2025 сол

ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Руасои ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Дмитрий Медвдедв дар долонҳои нишасти АТЭС – Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайя, музокирот анюом доданд.

Баъд аз музокирот Обама ба хабарнигорон гуфт, "мо дар бораи Эрон сӯҳбат кардем ва тайид кардем, ки мавқеъи ягона, посухи ягона ба ин кишвар ба хотири водор сохтани Теҳрон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалияш дар масъалаи барномаи ҳастаиро таҳия кунем".

Барак Обама ва Дмитрий Медведев ҳамчунин дар мавриди идомаи машаратҳо оид ба барномаи зидди мушакӣ ба созиш расиданд. Созмони АТЭС соли 1989 ба хотири мусоидат ба тиҷорати озод ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором таъсис шуда буд. Ба ин созмон 9 кишвар аз 21 давлати ҳавза шомиланд.

Яке аз бузургтарин кишварҳои минтақа - Чин ба АТЭС шомил нашудааст. Дар нишасти Ҳонолулу Обама ба Пекин ҳушдор дод, ки агар дар сиёсати арзиву тиҷоратӣ ба қойидаҳои умумӣ риоя накунад, Амрико аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854