15:24:07 03-уми Июни 2025 сол

27 КУШТА БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ ЭРОН

Инфиҷор дар пойгоҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ҳаёти камаш 27 касро аз байн бурд Телевизиони давлатии Эрон аз нақли сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон -Рамазон Шариф овардааст, ки шумораи қурбониҳои инфиҷор дар пойгоҳи низомӣ ба 27 нафар расидааст.

Ҳамин манбаъ гуфтааст, ки бар асари таркиш 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш рӯзи шанбе дар анбори аслиҳаи Бидгонаи канори шаҳри Малорд, воқеъ дар ғарби  Теҳрон ба вуқӯъ пайвастааст.  

Тибқи ахбори расида ҳамаи қурбониҳо аъзои Сипоҳи посдорон мебошанд. Ҳамин гуна таркиш дар таърихи 12-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Хуррамободи Эрон ба ба амал омада буд, ки бар асари он чанд тан куштаву чанд нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854