МУАЛЛИФИ РОМАНИ «МАСЪУДИ СИПАҲСОЛОР» 70 СОЛА ШУД
Дар Кӯлоб аз 70 солагии адиб ва журналисти собиқадор Сайид Раoмон ва чилсолагии фаъолияти эҷодии ӯ ҷашн гирифтанд. Чорабинӣ дар толори теотри ба номи Сайдали Вализодаи Кӯлоб доир гашта дар он адибону рӯзноманигорон аз тамоми кишвар ширкат карданд.
Ҳамзамон, намояндагони ҳукуматҳои шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофии он низ ба муборакбодии адиб омаданд. Ба ифтихори ин солгард ҳукумати Кӯлоб адибро ба ифтихорномаи расмӣ қадрдонӣ намуд. Муъовини шаҳрдори Кӯлоб Зулайхо Комилова итминон дод, ки Сайид Рахмон дар ҳама ҳолат аз пуштибониву дастгирии ҳхукумати шахр бархурдор аст.
Сайид Раҳмон муаллифи ду китоби назмии «Резаборони тарона» ва «Сӯзи дил», инчунин се китоби насрии «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», «Шукронамарг» ва «Масъуди сипаҳсолор» мебошад.
Ҷои зикр аст ки соли 2010 романи «Масъуди сипаҳсолор»-и Сайид Раҳмон сазовори ҷоизаи вилоятии ба номи Носири Хисрав гардида буд. Сайид Раҳмон ин асари худро нуктаи баландтарини фаъолияти эчодиаш медонад.
Муаллиф дар ин асар перомуни ҳаёти шахсии Аҳмадшоҳи Масъуд, аз фармондеҳони шинохтаи муҷоҳидини Афғонистон ва ҷиҳодхои ӯ алайҳи шӯъравиҳо ва толибон ҳарф задааст.
Зимнан ин адиби ҳафтодсола ҷашнгири аз чиҳилсолагии фаъолияти эҷодиашро ҷамъбасти фаъолияти адабиаш надониста, тасмим дорад панч асари дигар таълиф намояд.
Би-Би-Си