15:55:44 03-уми Июни 2025 сол

ҲАВО ДАР РӮЗИ ИДҲО ОФТОБИСТ Ё БОРОНӢ?

Дар рӯзи таҷлили идҳои  фархундаю муборак -Рӯзи қабули Конститутсия ва иди саиди Қурбон, ки  ба 6 ноябр рост меоянд ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ пешгӯӣ карда мешавад.

Дар ин рӯз  ҳаво дар вилояти Хатлон 15-20 дараҷа гарм,  дар Суғд 10-15, дар ноҳияҳои тобеи марказ 12-17, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8-13 дараҷа гарм ва дар Шарқи ВМКБ аз як дараҷа хунук то 4 дарҷа гарм мешавад. Ҳаво дар пойтахт –шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлили идҳо 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Бино ба иттилои Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи  Муассисаи давлатии пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ дар санаи 7 ноябр ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйир ёфта, боришот ба амал меояд. 8 ноябр бошад  боришот бо вазидани шамол шиддат ёфта, дар натиҷа дар водиҳо борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳамзамон, ҳарорати ҳаво аз 8- то 10 ноябр дар ҷумҳурӣ паст мефарояд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854